Ошкор намудани ҳолати ғайриқонунии интиқоли маводи нашъадор
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Кормандони Раёсати гумруки «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» боз як ҳолати ғайриқонунии интиқоли маводи нашъадорро дар хатсайри Душанбе-Маскав ошкор намуданд.Тавре ки дар ин бора аз Раёсати гумруки фурудгоҳ хабар доданд, ду шаҳрванди Тоҷикистон зимни азназаргузаронии гумрукӣ аз хатсайри Душанбе-Маскав дар интиқоли маводи нашъаовар гумонбар дониста шуда, аз сафар боз дошта шуданд. Барои халал нарасонидани тафтишоти пешакӣ ном ва маводи дарёфтшуда ошкор карда намешавад.Ёдрас мешавем, ки аз аввали соли равон кормандони Раёсати гумруки «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зиёда аз 20 ҳолати ғайриқонунии интиқоли маводи мухадирро ошкор кардаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






