Парлумон ба қонуни Буҷети давлатӣ тағйирот ворид месозад
Душанбе, 12 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон доир шуд, баррасӣ гардид. Сафаралӣ Раҷабов -раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни номбурда, афзалиятҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Парлумон ироа гардидааст, ба инобат гирифта шудаанд. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи монополияҳои табиӣ», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи чарогоҳ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро матраҳ намуданд. Ҳамзамон дар ҷаласа Мактуб-созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ» баррасӣ шуд.10.38.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






