Рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» 20 сола шуд
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Даҳаи аввали моҳи октябр 20 – солагии таъсиси рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» ҷашн гирифта мешавад.Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин бора Қарори раиси вилояти Суғд ба тасвиб расидааст. Мавриди ёдоварист, ки рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Суғд ба ҳисоб рафта, шумораи нахустини он санаи 1 июли соли 1993 аз чоп баромадааст. Ҳамакнун ин рӯзнома бо теъдоди 2 ҳазору 500 нусха, ҳафтае ду маротиба бо забони ӯзбекӣ ба нашр мерасад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






