Сафари кории Қоҳир Расулзода ба шаҳри Спитамен
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен рафт. Дар ҷараёни сафари мазкур раиси вилоят ба нашъунамои пахта, шароити хоҷагидорон ва раванди сохтмони иншооти гуногунсоҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Қоҳир Расулзода нахуст аз хоҷагии деҳқонии «Искандар»-и ҷамоати деҳоти Истиқлол дидан кард. Гуфта мешавад, ки ин хоҷагӣ аз хоҷагиҳои пешқадами пахтакори ноҳия буда, имсол дар майдони 12 гектар пахтаи навъи «Ирам» коридааст. Соли гузашта деҳқонони хоҷагӣ 35 сентнерӣ ҳосил гирифта, имсол ният доранд ҳосилнокиро ба 40 — 45 сентнерӣ расонанд. Ҳолати кунунии нашъунамои пахта хуб буда, аҳли хоҷагӣ баъди дарави гандум кишти такрории зироатҳо, аз қабили сабзӣ, бодирингу шалғам, турбу карамро ба роҳ мондаанд. Дар хоҷагӣ 22 нафар саҳмдор кор мекунад. Ба ҷуз пахта дар ин хоҷагӣ инчунин дар 5 гектар беда, се гектар шолӣ ва дар ним гектар полезиҳо кишт шудаанд. Ҳамчунин дар маркази ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов маркази ташхису табобатӣ бунёд кардааст. Ин марказ аз се ошёна иборат буда, барои 32 кат мувофиқ гардонида шудааст ва барои 17 ҳазор аҳолии ҷамоат хизмат хоҳад кард. Дар ин марказ муҳтоҷони табобат ҳам аз ташхиси босифат мегузаранд ва ҳам дар ҳамин ҷо табобат мегиранд. Илова бар ин, маркази саломатӣ 20 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин месозад. Қоҳир Расулзода зимни боздиди худ аз ин марказ тавсия дод, ки пеш аз ҳама ба сифати хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






