Сафири Русия ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Эътимоднома супорид
Душанбе, 28 сентябр (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 27 сентябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро қабул кард. Дар суҳбат, ки баъди маросими расмӣ доир гардид, тарафҳо оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни Тоҷикистон ва Русия, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назар намуданд. Ҷонибҳо аз ҷумла зикр карданд, ки раванди таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар асоси принсипҳои шарикии стратегӣ идома ёфта, минбаъд низ бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҷиҳати амалисозии қарордодҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, сурат хоҳанд гирифт. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки сафири кишвари дӯст дар ҷараёни адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия саҳми сазовору назаррас хоҳад гузошт. Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






