Санади будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба тасвиб хоҳад расид
Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Русияро ба тасвиб мерасонад. Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Тибқи ин санад шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, аз уҳдадории бақайдгузорӣ дар макони будубош дар мақомоти салоҳиятдори Русия ба муддати 15 рӯз озод мешаванд. Муҳлати будубоши муваққатӣ, ки дар банди 1-и моддаи мазкур нишон дода шудааст, аз санаи воридшавии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Федератсияи Русия аз рӯи варақаи тасдиқшудаи муҳоҷиратӣ бо нишони гузоштаи мақомоти назорати сарҳадӣ ҳангоми воридшавӣ ба қаламрави Русия ҳисоб карда мешавад.
Мувофиқи Созишномаи мазкур дар ҳолати аз 15 рӯз зиёд будубош намудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Русия, шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дар мақомоти салоҳиятдори маҳали будубоши худ дар Федератсияи Русия мутобиқи қонунгузории он аз қайд гузарад.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» матраҳ гаштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






