Шариф Саид – раиси ШК СҲШ
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 11 сентябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи раёсати Шӯрои корбурди Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар ҷаласа ҳамаи роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай сухан карданд. Раёсати Шӯрои корбурди СҲШ тасмим гирифт, ки раиси Бахши миллии Шӯрои корбурди СҲШ аз Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид раиси Шӯрои корбурди СҲШ интихоб карда шавад. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин бархе масоили мубрами ҳамкории байни кишварҳои аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






