Шиносоии Президент бо кори ибратбахши ду хоҷагии деҳқонӣ ва мулоқот бо фаъолони Спитамен
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар деҳаи Саидқӯрғони ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои пахтаи хоҷагии деҳқонии Саидқурғон ташриф оварда, бо кори намунавии заҳматкашони он бевосита шинос шуд.Тавре зикр гардид, пахтакорони ин хоҷагӣ соли гузашта пахтаи навъи ирам кишт намуда, аз ҳар гектари он 45 сентнерӣ ҳосил гирифта будаанд. Имсол онҳо дар 16 га аз ҳамин тухмӣ кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш то 45-50 сентнерӣ ҳосил мерӯёнанд.Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Искандари асссотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки аҳли заҳмати он низ дар 11 га пахтаи навъи ирам кишт намуда, аз ҳар гектараш 45 сентнерӣ ҳосил гирифтанианд, ҳарчанд як қисми пахта дар миёни қаторҳои боғи навбунёди шафтолу корида шудааст.Тавре аён гардид, дар заминҳои ин хоҷагӣ тавассути кишти такрорӣ гирифтани ду ва зиёда ҳосили ғалладона ва сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ба роҳ монда шудааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи хоҷагии деҳқонии Сурхзамини ноҳияи Спитамен бо роҳбарият ва фаъолони ноҳия мулоқоти тӯлонии ошкору самимӣ анҷом дод.Зимни мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ карор дод. Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум дар назди масъулин барои оянда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






