Шиносоии Президент бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Тавилдара
Душанбе, 27 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Тавилдара аз ҷониби кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Ҳангоми шиносоӣ аз ин намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварди меҳнатии кишоварзон дар самти истеҳсоли картошка баҳои баланд дод.Чунон, ки маълум гардид деҳқонони ноҳияи Тавилдара дар майдони 667 гектар навъҳои беҳтарини картошка кишт намуданд, ки ҳосилнокӣ аз 1 гектар 500 сентнерро ташкил дод. Сарвари давлат бо кишоварзони ноҳия суҳбат намуда, доир ба афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани боғҳои мевадиҳанда инчунин рушди соҳаи занбури асалпарварӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Ноҳияи Тавилдара аз ноҳияхое мебошад, ки дар он вобаста ба шароити табиию ҷуғрофӣ истеҳсоли асали хушсифат мувофиқ аст ва бо назардошти ин сол то сол оилаи замбури асал зиёд карда мешавад. Алҳол дар ноҳия 11 ҳазору 800 оилаи замбури асал парвариш меёбад. Сарвари давлат ба деҳқонон дастуру маслиҳат дод, ки ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, бо ин восита дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






