Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистону Россия барои тасдиқ пешниҳод шуд
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 18 сентябри соли равон Президенти мамлакат дар асоси моддаи 9 Қонун “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кард.Бояд зикр кард, ки дар асоси мувофиқаи пешакии ҷонибҳо ҷиҳати дар маҷмӯъ баррасӣ намудани масъалаҳо қаблан ҷониби Президент барои тасдиқ ба Парлумон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Москва 8 феврали соли 2013 ба имзо расидааст, пешниҳод гардида буд.Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумат аз 2 майи соли 2013, №199 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 феврали соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, тасдиқ гардид.Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






