Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Амири нави Давлати Қатар
Душанбе, 19 сентябр (АМИТ «Хвоар»).- 17 сентябри соли 2013 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Эътимоднома супорид. Баъди супоридани эътимоднома сӯҳбати Амири Давлати Қатар бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва иқдомоти ҳарду ҷониб барои таҳким ва густариши ин ҳамкориҳо мавриди табодули назар қарор гирифтанд. Ҳамзамон, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба сатҳи баланди ҳамкориҳои Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагии кишвари худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд байни ду давлат таъкид дошт. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ишора намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қатар дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвари дӯст макони алоҳидаро дорост, ки бар дӯстӣ ва бародарии роҳбарони он асос меёбад. Ҷонибҳо ба боз ҳам густаришу таҳким ёфтани муносибату ҳамкориҳои дуҷониба изҳори умедворӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






