Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд.Тавре ки РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вобаста ба ҷорӣ намудани низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе- «Шаҳри бехатар», 22 июли соли 2013 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои дахлдор ворид шудаанд, ки аз 25 августи соли 2013 мавриди амал қарор доранд.Тибқи тағйироту иловаҳои воридгашта аз муҷозоти моддаҳои 314, 318, қисми 2 моддаи 324, қисми 4 моддаи 325 ва моддаи 326 ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт хориҷ карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






