Таҳвили раёсат аз Тоҷикистон ба Баҳрайн дар Муколомаи ҳамкории Осиё
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 26 сентябри соли 2013 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ иҷлоси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё баргузор гардид, ки дар ҷараёни он раёсат дар созмони мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Баҳрайн гузашт. Дар иҷлос муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов иштирок намуда, роҷеъ ба фаъолияти Муколамаи ҳамкории Осиё дар давоми як соли гузашта гузориш дод. Дар иҷлоси вазирон Туркия ба узвияти Муколамаи ҳамкории Осиё қабул гардида, номзади нахустин Дабири кулли Дабирхонаи муваққати Муколама таъйид шуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






