Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). — Имрўз, 4 сентябри соли 2013 дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 22-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар он сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Девонаев, муовини якуми сардори хадамот А.Бобоев, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо ва сохторҳои зертобеи он, инчунин кулли кормандони Хадамоти муҳоҷират иштирок доштанд. Дар ҷаласа дар мавриди таърихи даврони Истиқлолияти давлатӣ, раванд ва аҳамияти тақдирсози ин дастоварди беҳамтои мардуми сарбаланди тоҷик сухан рафта, зикр шуд, ки дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу мақоми бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб мегарданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи умумибашарӣ ва миллати тоҷик мебошад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






