Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар Анқара
Анқара, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дар пойтахти Туркия шаҳри Анқара ба ифтихори 22 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси қабул ороста шуд.Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарифов зимни суханрониаш қайд намуд, ки таҷлили 22 — умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дӯстони Туркияи бародар шарафу ифтихори бузург аст. Сафир ҳамчунин зикр намуд, ки Тоҷикистону Туркияро фарҳанг, анъанот ва шоҳкориҳои шахсони бузург, чун Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Имоми Аъзам Абуҳанифа, ба ҳам пайвастаанд.Вазири корҳои дохилии Туркия М. Гюлер зимни табрикоташ қайд намуд, ки муносибатҳои сиёсии байни Тоҷикистону Туркия ҳар чи бештар рушду густариш меёбанд. Дар ҷараёни маҷлиси қабул ҳамчунин маҳсули косибон, либоси миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра намоиш дода шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






