Тантанаҳои идона ба муносибати таҷлили 22-солагии истиқлолият

Сентябрь 10, 2013 09:23

Душанбе, 10 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Шоми 9 сентябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба муносибати таҷлили 22-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои бошукӯҳи идона баргузор гардид.Тантанаҳо бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ба минбари наврӯзгоҳи ба ин муносибат оростаи пойтахт оғоз ёфт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикӣ бори дигар ба ифтихори ин ҷашни бисёр фархундаву бузург — Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сокинони пойтахт ва кулли мардуми кишварро табрику таҳният гуфта, таъкид дошт: “Ин сана барои мо – тоҷикон рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад”.Ҳамчунин таъкид гардид, “Муҳимтар аз ҳама, истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад”.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми шарафманди Тоҷикистон бори дигар даъват намуд, ки бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо барои вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободгарӣ ва барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат пайваста ҷаҳду талош намоянд.Сипас тантанаҳои идонаи шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 22-юми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъат ва ҳунармандони наврасу ҷавони ояндадор идома ёфт.

Сентябрь 10, 2013 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд