Таъсиси марказҳои хизматрасонии бонкӣ
Шӯрообод, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳияи Шӯрообод дар айни ҳол 30 нафар чавони лаёқатманд фаъолият дорад, ки аз ин шумора 7 нафараш зан аст. Бо мақсади сари вақт хизмат расонидан ба мизоҷон дар филиал банкомат насб гардидааст, ки кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба воситаи кортҳо маоши худро сари вақт мегиранд. Инчунин масъулини бонк зиёда аз 800 нафар мизоҷро мувофиқи дархосташон барои рушди соҳаи чорводорӣ, зироаткорӣ, занбӯрпарварӣ бо қарзҳои хурду миёна таъмин мекунанд. Барои боз ҳам беҳтар хизмат расонидан ба аҳолӣ дар ҷамоати Даштиҷум ва ҷамоати деҳоти Саричашма марказҳои хизматрасонии бонкӣ роҳандозӣ шудаанд. Роҳбарони филиал ният доранд, ки дар оянда чунин маркази хизматрасонии бонкиро дар ҷамоати деҳоти Ёл ва дигар ҷамоатҳои дурдаст низ ба роҳ монанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






