Уҳдадориҳои ҶТ ҷиҳати озодсозӣ дар бахши хадамоти энергетика
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МБТ/ зимни барномаи омӯзишие, ки таҳти унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ /СТҶ/ — уҳдадориҳо ва озодсозӣ дар соҳаи хадамоти энергетикӣ» дар Душанбе имрӯз доир мегардад, намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи энергетикаро гирди ҳам меорад. Дар ин давраи омӯзишӣ қоидаҳои СТҶ дар робита ба хидматрасониҳо дар соҳаи энергетика, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, ҳамчунин, роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва посух ба чолишҳо матраҳ мегарданд.
Давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Руози Жанг, намояндаи СТҶ ва МТБ, иштирокдорони давраро бо муҳтавои умумии соҳаи энергетика, ислоҳот ва озодсозиҳои тиҷорат дар ин соҳа, ҳамчунин бо қоидаҳои асосии СТҶ дар иртибот ба соҳаи энергетика ошно месозад.Интизор меравад, ки ҳамчунин хонум Жанг доир ба мавзуи ҳамлу нақли энергетика бо таваҷҷуҳ ба қоидаҳои СТҶ суҳбат хоҳад кард.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар ин давраи омӯзишӣ ба уҳдадориҳои Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани дастрасиҳо ба бозори энергетика ва таъсири ин уҳдадориҳо ба хидматрасониҳои ин бахш дода хоҳад шуд. Дар ин робита, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи хидматрасониҳои энергетика бо уҳдадориҳои дигар кишварҳои узви СТҶ қиёс карда хоҳад шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






