Вохӯрии Ҳамрохон Зарифӣ бо Андре-Дюле
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 2 сентябри соли 2013 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳайати Сенати Ҷумҳурии Фаронса, аъзои гуруҳи парлумонии дӯстии Фаронсаву Тоҷикистон таҳти роҳбарии Андре-Дюле барпо гардид.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷониба дар солҳои охир ва зарурати тавсеаи ин муносибатҳо дар оянда изҳор намуданд, ки далели он кушодашавии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса мебошад.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкориҳои муштараки ду давлатро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд ва дар мавзуъҳои амнияти минтақа, субот ва эътидоли вазъ дар Афғонистон баъд аз баровардани қувваҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2014, инчунин вазъияти имрӯзаи Сурия мубодилаи афкор намуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






