Вохӯрии кории Рамазон Раҳимов бо Сюзан Эллиотт
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт вохӯрии корӣ анҷом дод.Тавре ки дар ин бора сомонаи вазорат хабар медиҳад, ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобила бар зидди таҳдидҳои муосир, ки характери ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, баррасӣ намуданд.Ба иттилои манбаъ, мусоҳибон аз амали террористии 11 сентябри соли 2001, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба амал омада буд, ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин амал фоҷиаи тамоми ҷаҳон буд. Ҳамчунин ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба хатарҳо ва таҳдидҳо баъди баровардани нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Афғонистон ва тақвияти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир ибрози андеша намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






