Вохӯрии сеҷонибаи коршиносони мақомоти зиддимухаддиротӣ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 28 сентябри соли 2013 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи коршиносони мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташаббуси АҚТ хотима ёфт. Дар ҷаласа аз тарафи иштироккунандагон муаррифиномаи вазъи мухаддироти давлатҳо-иштирокчиёни ташаббуси АҚТ ва инчунин нақши бозомӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқи минтақа, ки дар Маркази миллии таълимии кинологии АНМН, ки дар он на танҳо намояндагони ҳифзи ҳуқуқи кишвар, балки ҶИА, Қирғизистон ва Тоҷикистон меомӯзанд, нишон дода шуд. Аз ҷумла, аз тарафи Тоҷикистон гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки Афғонистон ва Қирғизистон пешниҳод карда шуд. Баъд аз музокироти бардавом аз тарафи иштирокчиён лоиҳаи ҳуҷҷатҳо доир ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва идораи сарҳадоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон , Қирғизистон ва Тоҷикистон омода гардид, ки он барои баррасӣ дар вохӯрии навбатии вазирон-роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, пешниҳод мешавад. Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон генерал Сайфӣ зикр намуд: «АҚТ ташаббуси амалкунандаи самаранок мебошад, ки таҷрибаи он дар минтақа имконият медиҳад ба хатари зиддимухаддиротӣ таъсири якҷоя расонад». Дар кори ҷаласа намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа Протоколи муштарак ба имзо расид. Вохӯрии сеҷониба дар доираи татбиқи «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар солҳои 2011-2014” баргузор гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






