Вокуниши КМИР
Душанбе, 5 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар торномаи «Озодӣ» аз 4 сентябри соли 2013 ва рӯзномаи «Имрӯз News» хабаре чоп шудааст, ки гӯё аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуби расмӣ ирсол карда, аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гӯё дархост шуда бошад, ки рӯйхати аъзоёни ҳизбҳои сиёсиро барои шомил кардан ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот талаб намоянд. Барои исботи ин гуфтаҳо аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон суханони роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Норак Хайриддин Шомирзоев дар ин бора мисол оварда шудааст. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нисбат ба мазмуни хабари мазкур расман изҳор менамояд, ки дар хусуси талаб кардани руйхати аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ барои шомил кардан ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ягон мактуб нафиристодааст. Зеро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ накардааст. Мавқеъи КМИР дар ин масъала аз аввал равшан аст ва оид ба ин мавзӯъ дар вохурии масъулини КМИР бо роҳбарияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар субъектони пешбарикунандаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 3 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, низ таъкидан равшанӣ андохта шуда буд. Дар баробари ин аз тамоми намояндагони воситаҳои ахбори омма эҳтиромона хоҳиш карда мешаванд, ки оид ба инъикоси масъалаҳои таъмини омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода ва саволҳои ба миён омада қабл аз чопи мавод ба КМИР муроҷиат намуда, мавқеъи расмиро дақиқан бисанҷанд ва сипас маълумот пахш намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






