Қонунҳои моделӣ ҳамкориро дар доираи АБ ИДМ тавсеа мебахшад

Октябрь 3, 2013 15:07

Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор гардид.  Дар ҷаласа, маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи АБ ИДМ, хусусан лоиҳаи қонунҳои моделӣ оид ба ҳифзи репродуктивии ҳуқуқи шаҳрвандон, оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, оид ба мусоидат ва танзими кӯмаки байналмилалӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳангоми гузаронидани корҳои барқарорсозӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон намояндагони парлумонҳои кишварҳои ИДМ доир ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи дурнамои қонунэҷодкунии моделӣ дар ИДМ дар давоми солҳои 2001-2015, истифодаи санадҳои қонунгузории моделӣ, доир ба роҳҳо ва имкониятҳои фаъолгардонии иштироки бахши ғайриҳукуматӣ дар танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва соири масоили марбут ба таҳияи қонунҳои моделиро дар доираи АБ ИДМ баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Октябрь 3, 2013 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш