Ҳ. Карзай аз пуштибониҳои Тоҷикистон арзи сипос намуд
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи худ-Афғонистон аст, зеро оромию амнияти кишварҳои минтақа аз барқарорию таъмини субот дар Афғонистон сахт вобастагӣ дорад». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷараёни мулоқоташ бо Ҳомид Карзай- Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки субҳи имрӯз ба Душанбе бо сафари расмӣ ташриф овард, таъкид кард. Зимни мулоқот мусоҳибон маҷмӯи масъалаҳои тақвияти равобити гуногунсоҳаи Душанбеву Кобулро дар заминаҳои сиёсату амният, иқтисоду тиҷорат, обу энергетика, коммуникатсия, саноат, фарҳанг, тандурустӣ ва соири масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои байни ду кишвари ҳамҷавор матраҳ намуданд Зикр шуд, ки Тоҷикистон хостори густариши равобити мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳо, хусусан ҳамкориҳои парлумонӣ бо кишвари ҳамҷавори худ- Афғонистон буда, дар самти таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни ду давлат беш аз 60 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Бо дахли масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, Ш. Зуҳуров гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон дар форматҳои минтақавӣ, аз ҷумла чаҳоргонаи Тоҷикистон — Афғонистон — Покистон — Русия, сегонаҳои Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон ва Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон ҳамкории судмандеро ба роҳ мондааст. Инчунин масоили ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи мулоқоти сатҳи олӣ байни роҳбарони кишварҳо ва сохторҳои марбутаи ҳар ду кишвар дар фазои тафоҳум ва ҳусни ҳамҷаворӣ баррасӣ мегарданд. Зикр шуд, ки равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар беш аз пеш густариш меёбанд. Гардиши мол танҳо дар зарфи 8 моҳи соли равон зиёда аз 120 миллион $-ро ташкил дод, ки аз он 74 миллион $ содирот ва беш аз 46 миллион $ воридот аст. Алҳол дар Тоҷикистон 85 ширкати афғонӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат фаъолияти густурда дорад. Таъкид гардид, ки ду кишвари ҳамсояро имрӯз 5 пул, ки аз болои дарёи Панҷ сохта шудаанд, бо ҳам мепайвандад. Мусоҳибон афзуданд, ки татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон -Туркманистон» ба таҳкими ҳамкориҳои ҳасанаи ду кишвар дар бахшҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.Ҳомид Карзай -Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар навбати худ хостори густариши муносиботи дуҷонибаи Душанбеву Кобул дар бахшҳои мухталиф гардид. Ҳ.Карзай аз пуштибониҳои Тоҷикистон дар мавриди мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеа ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд. Х. Карзай гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот ва барқарории харобиҳои баъдиҷангии Афғонистон талош намуда, дар ин самт ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо ироа месозад, ки ин шаҳодати ҳусни ҳамҷаворист.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






