Ҷамъомад дар мактаби пойтахт
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар зимни ҳамкорӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 60 – уми шаҳри Душанбе ҷамъомад ташкил намуданд, ки мақсад аз он бо масоили нашъамандӣ шинос намудани хонандагон, ривоҷ додани тарғиботи зидди нашъамандӣ, ҷилавгирии истеъмоли маводи нашъаовар дар байни ноболиғон буд.Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Синои пойтахт, директорон ва хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии ноҳия ширкат доштанд. Ҷамъомад дар қолаби мубоҳиса сурат гирифта, кормандони Агентӣ аз хусуси хавфи нашъамандӣ ба саломатии ҷавонон нақл карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






