А.Б.Сиал: «Хостори бо роҳи осоишта ҳал кардани қазия ҳастем»
Душанбе, 28 октябр. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар робита ба Рӯзи Кашмир, ки дар саҳифаи таърих ҳамчун «Рӯзи сиёҳи Кашмир» сабт шудааст, имрӯз дар Сафорати Покистон дар Душанбе бо иштироки намояндагони илму фарҳанг, васоити ахбори омма ва шаҳрвандони Покистон, ки дар кишвари мо фаъолият менамоянд, ҷамъомад баргузор гардид. Баъд аз намоиши пораи филм, ки марбут ба ҳаводиси Кашмир буд, Амҷад Ҳусайн Б.Сиал- сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин доир ба ин санаи таърихӣ ва оқибатҳои нохуши он гузориш дод. Дипломати покистонӣ гуфт, қазияи Кашмир аз 27 октябри соли 1947 баъд аз татбиқи нақшаи тақсимот ҳудудӣ, ки аз сӯи Британияи Кабир дар ин минтақа сурат гирифт, сарчашма мегирад. Амҷад Ҳусайн Б. Сиал ҳамзамон аз муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми Кашмир дар роҳи ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқҳояшон ва таъмини адолат дар ин минтақа ёдрас намуд. Сафири Покистон доир ба мавқеи кишвараш дар ҳалли қазияи Кашмир табодули назар намуда, гуфт, ки Покистон хостори бо роҳи осоишта ва гуфтушунид ҳал кардани қазияи Кашмир аст ва танҳо дар ин самт мардуми Кашмир метавонанд ояндаи худро муайян созанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






