Анҷоми татбиқи лоиҳаи панҷсолаи САҲА дар Тоҷикистон

Октябрь 18, 2013 15:34

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дафтари САҲА дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи панҷсоларо, ки мақсад аз он расонидани ёрӣ ба шуъбаи Хадамоти гумруки ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст, анҷом дод. Тавре ки аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар доданд, татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2008 оғоз ёфта, мақсад аз он ба хидматчиёни давлатии ВМКБ ёд додани истифодаи воситаҳои техникии муосир ба манзури пайдо намудани моддаҳои кимиёвӣ буд. Дар ҳошияи лоиҳа беш аз 120 нафар кормандони гумруки Тоҷикистону Афғонистон, ки даҳ фоизи онҳоро занон ташкил медоданд, усулҳои пайдо намудани маводи нашъаовар ва таҳлили онро ёд гирифтанд. Ғайр аз ин шуъбаи Хадамоти гумруки ноҳияи Мурғоб бо таҷҳизоти махсус ва воситаҳои нақлиёт таъмин гардид. Бо хоҳиши Хадамоти гумруки Тоҷикистон моҳи октябри соли 2013 дар ҳошияи лоиҳаи мазкур терминали нави гумрук бунёд гардид. Лоиҳаи мазкур, ки барои татбиқи он қариб 1 миллион евро сарф шудааст, аз ҷониби ҳукуматҳои Ҷопон, Олмон, Белгия ва Норвегия маблағгузорӣ гардид.

Октябрь 18, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш