Анҷумани ҲХДТ: «Эмомалӣ Раҳмон – номзад ба мансаби президентӣ»
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз ҳазор вакил аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ Анҷумани Х-уми ҲХДТ баргузор гардид. Қабл аз оғози анҷуман намоишгоҳи маҳсули кори ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии он, китобҳои таълифнамудаи Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ва дигар дастовардҳои Ҳизб ба маъраз гузошта шуд. Дар оғози анҷуман зикр шуд, ки бинобар ба корҳои муҳими давлатӣ банд будан, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон натавонистааст дар кори Анҷуман ширкат варзад. Ҳамин тавр, дар ин Анҷуман ду масъалаи асосӣ, аз ҷумла пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ва баррасии самтҳои асосии фаъолияти ҳизб мавриди муҳокимаи вакилон қарор гирифт. Доир ба масъалаи аввал Ҷонибек Қозибеков – вакил аз Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои ҲХДТ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва хизматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободонӣ ва шукуфоии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр намуд, ки аз ҷониби ҲХДТ номзадии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад. Ин пешниҳод аз ҷониби вакилон ва аҳли толор бо хушнудӣ пазироӣ гардид. Ҳамчунин, Худоёрова Норӣ — вакил аз вилояти Суғд, Табаров Абдулло – вакил аз вилояти Хатлон, Нағзибеков Нағзибек – вакил аз шаҳри Душанбе, Нодираи Муҳаммадисо – вакил аз ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмонов Талабшо – вакил аз ноҳияи Ҳисор, Абдуллоев Убайдулло – вакил аз вилояти Хатлон ва дигар вакилон зимни суханронии худ андешаи Ҷонибек Қозибековро ҷиҳати пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Дар қисмати дуюми Анҷуман вакилон самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ- ро муҳокима намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






