Ба ранги сабз гузар!
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Ба ранги сабз гузар» таҳти чунин шиор имруз дар роҳҳои марказии пойтахт рӯйдоди таблиғотӣ оғоз шуд. Дар ин рӯйдод, ки ба ибтикори ширкати «МегаФон» соли сеюм аст доир мешавад, кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар ва намояндагони ВАО ширкат карданд. Ширкаткунандагони рӯйдоди «Ба ранги сабз гузар» пиёдагардонро аз роҳ гузаронда, ҳамзамон барояшон қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ёдовар шуданд. Кормандони Раёсати БДА бо мошинҳои махсус аз тариқи баландгӯ ронандагонро ба риояти усули ронандагӣ ва фарҳанги ҳаракат дар роҳҳо ташвиқ карданд. Бино ба гуфтаи яке аз масъулини ширкати «МегаФон», таваҷҷуҳи ширкати мазкур ба масоили ҳаракат дар роҳ тасодуфӣ нест: Шаҳрвандони хурдсоли мо на ҳамеша хатарҳои ҳаракат дар роҳро эҳсос мекунанд. Бино бар ин ширкати «МегаФон» тасмим гирифтааст ба сокинони шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Исфара қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бо истифода аз рӯйдоди «Ба ранги сабз гузар» ёдоварӣ кунад.Амалиёти мазкур бо чунин шиор тӯли ду рӯз- аз 2-юм то 3-юми октябри соли равон гузаронида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






