Баимзорасии якчанд санад зимни сафари расмии Ҳомид Карзай ба Душанбе
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломиии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расид. Бо ҳузури сарони ду давлат нахуст Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо» аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Иршод Аҳмадӣ ба тасвиб расонида шуд. Зери Протокол дар бораи ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуддин Ятимов ва сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Иршод Аҳмадӣ имзо гузоштанд. Созишнома миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва ҳамтои афғони ӯ Ҳазратумар Зоҳирзол ба тасвиб расониданд. Сипас, аз ҷониби роҳбарияти олии ду кишвар Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ба имзо расид. Пас аз имзои асноди мазкур бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай нишасти матбуотӣ доир гашт, ки роҳбарони ду кишвар аз натоиҷи сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






