Барқияи шодбошӣ ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Хайнс Фишер
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Хайнс Фишер барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Австрияро самимона табрику таҳният менамоям.Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳарчӣ бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Австрия шукуфоиву саодат таманно дорам».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






