Барқияи шодбошӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Муҳтарам ҷаноби Раис,Табрикоти гарму самимии маро ба муносибати 64- умин солгарди Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед.Дар Тоҷикистон бо фараҳмандии хосса аз дастовардҳои назарраси Чини дӯст, эътибори афзуни он дар сатҳи байналмилалӣ ва имкониятҳои минбаъдаи он дар масири пешрафту рифоҳ ёдоварӣ мекунанд.Кишварҳои моро анъанаҳои дӯстиву ҳусни ҳамсоягӣ, ки аз тӯли қарнҳо маншаъ мегиранд, ба ҳам пепайванданд. Дар давраи муосир миёни Тоҷикистону Чин дар шароити рушди мустақил таҷрибаи қавӣ ва захираҳои мусоиде барои беҳбуди бештари равобити бисёрҷонибаи ду кишвар фароҳам гардидаанд.Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки равобити миёни ду кишвар, ки дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд ёфтааст, пайваста рушду густариш меёбад. Тоҷикистон ба сатҳи кунунии равобит бо Чин ва ҷараёни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию гуманитарии миёни ду кишвар баҳои баланд медиҳад.Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай барои мо муҳим аст, зеро он боиси тавсеаи рушди иқтисодӣ ва таҳкими амният дар минтақа мебошад.Ман аз натоиҷи вохӯриҳои зиёд бо Шумо ниҳоят қаноатмандам. Баҳори имсол сафари давлатии ман ба кишвари Шумо бо муваффақият ба анҷом расида, дар баробари мусоидат дар самти ба роҳ мондани ҳамкории бештар миёни ду кишвар, инчунин дар равобити дуҷонибаи миёни кишварҳоямон сатҳу сифати тоза бахшид. Ба имзо расидани эъломияи муштарак ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории стратегӣ далели ин гуфтаҳо аст.Мо ба роҳбарияти Чин барои дастгирии пайваста, пеш аз ҳама дар татбиқи бузургтарин барномаҳои ҳаётан муҳим дар бахшҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт арзи сипос менамоем.Мо аз касби ин таҷрибаи арзишманд ниҳоят шодем ва умедворем ва он минбаъд низ такомул хоҳад ёфт. Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Чин манфиатдор буда, ҷонибдори амиқи равобити судманд ба нафъи ҳар ду мардуму кишвар мебошад.Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Раис, сиҳатии бардавом, ба кишвари ҳамшарики мо – Чин дастовардҳои навин ва ба мардуми дӯсти он пешрафту рифоҳро таманно намоям».








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






