Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия
Душанбе, 3 октябр (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:«Ҷаноби Олӣ,Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Германияро ба муносибати ҷашни солгарди миллии кишвар табрику таҳният гӯям.Дастовардҳои назарраси кишвари Шумо дар самтҳои гуногун ва боло рафтани нуфузи байналмилалии он боиси хурсандии мост.Мо аз он қаноатмандем, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон дар солҳои охир, ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ мо ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро рушду густариш бахшида, сатҳи онро ба зинаҳои баландтар бардорем.Ҷониби Тоҷикистон, ба иҷрои комили аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти хос дода, итминон дорад, ки бо саъю эҳтимоми ҳарду ҷониб ҳамкориҳои ду кишвари дӯст ба пояҳои баландтари рушду тавсеа хоҳанд расид.Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Германия, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






