Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
«Мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Шуморо бо пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона ва сидқан муборакбод менамоям.
Дар Тоҷикистон ин хабарро бо қаноатмандии амиқ пазируфтанд. Аз нав интихоб шудани Шумо далели равшани боварии комил ба сиёсати бо роҳбарии Шумо пешгирифташуда аст, ки мақсад аз он шукуфоии кишвар ва беҳбудии халқи он мебошад.
Аминам, ки дар давраи нави президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни Тоҷикистону Озарбойҷон минбаъд ҳам ба нафъи ҳар ду давлат ва халқҳои онҳо мустаҳкам мегарданд ва густариш меёбанд. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Тоҷикистон барои ин ҳамаи чораҳои заруриро мебинад.
Аз фурсат истифода карда, мехоҳам ба Шумо, мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои навро орзу намоям».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






