Баргузории шоми санъати тоҷик дар шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия
Душанбе, 30 октябр (АМИТ «Ховар»).- 9 ноябри соли 2013 дар шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия баргузории шоми санъати тоҷик таҳти сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва шаҳрдории шаҳри Гент ба нақша гирифта шудааст. Гент яке аз шаҳрҳои қадимтарини Аврупо буда, дар даврони шоҳаншоҳии Руми қадим бунёд ёфтааст. Ҳоло Гент яке аз марказҳои бузургтарини саноатӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатии Аврупост. Дар ҳошияи чорабинии мазкур консерт бо иштироки овозхони машҳури тоҷик Давлатманд Холов ва намоишгоҳи либосҳои тоҷикии чакан ва сӯзанӣ барпо мегарданд. Дар чорабинии номбурда, ки ба 22-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-умин солгарди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, зиёда аз 300 нафар ширкат хоҳад варзид, ки бештари онҳо зиёиён, санъатшиносон, олимони донишгоҳҳои маъруфи аврупоӣ, ҳайати дипломатии муқими Белгия, намояндагони воситаҳои ахбори умуми Иттиҳоди Аврупо ва ҷамъияти тоҷик мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






