Баргузории тадқиқоти сифатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар
Душанбе, 02 октябр (АМИТ «Ховар» Фотима Қувватова). – Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми соли ҷорӣ конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Масъалаҳои ҳифз ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ»-ро бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор менамояд. Дар доираи конфронси мазкур баргузор намудани тадқиқоти сифатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар гирифта шудааст. Мувофиқи Фармони раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 –уми майи соли 2013 тадқиқот дар моҳҳои июн-сентбри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гузаронида шуд. Дар назар аст, дар моҳи оянда чунин тадқиқот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






