Баррасии аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар ҷаласаи КМИР
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 29 октябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) баргузор гардид, ки дар он масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.Таъкид гардид, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсиест, ки аҳамияти на танҳо умумидавлатӣ ва умумимиллӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ низ дорад. Бинобар ин барои назорати омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ нозирон аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба кишвари мо меоянд.Дар ҷаласа масъалаҳо дар бораи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти ҶТ аз Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷопон баррасӣ шуданд.Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси дархостномаҳои пешниҳодгардида намояндагони ташкилот ва давлатҳои мазкур ба ҳайси нозирони байналмилалӣ аккредитатсия карда шуда, ба онҳо шаҳодатнома дода мешавад.Оид ба ҳар як масъала КМИР қарори дахлдор қабул намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






