Баррасии аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти ҶТ
Душанбе, 22 октябр (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Имрӯз, 22 октябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он якчанд масъала баррасӣ шуд. Нахуст масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки интихоботи Президенти ҶТ маъракаи муҳими сиёсиест, ки аҳамияти на танҳо умумидавлатӣ ва умумимиллӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ низ дорад. Дар марҳалаи ҳассос ва мураккаби ҷаҳони имрӯза шаффоф, озодона ва ба таври демократӣ, дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ ва мутобиқи санадҳои ҳукуқи байналмилалӣ баргузор шудани интихоботи Президент барои эътибори давлати мо ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин барои назорати омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ нозирон аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба кишвари мо меоянд.
Зикр гардид, ки иштироки нозирони байналмилалӣ аз ИДМ дар асоси риояи муқаррароти ҳуҷҷатҳои ИДМ оид ба интихобот сурат гирифта, барои таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ИДМ аҳамияти бузургро соҳиб аст.
Оид ба ин масъала қарори дахлдор қабул карда шуд.
Пасон масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) мавриди муҳокима қарор гирифт ва оид ба ин масъала низ КМИР қарори дахлдор қабул кард.
Инчунин оид ба аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ низ қарори дахлдор қабул карда шуд.
Бо мақсади ҳарчи бештар дар интихоботи Президенти ҶТ фаро гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд, КМИР қарор қабул кард, ки дар Фаронса ва Давлати Қувайт низ участкаҳои интихоботӣ таъсис дода шаванд.
Инчунин дар ҷаласа оид ба ворид намудани тағйирот ба ҳайати комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаробод №38 ва ба қайд гирифтани Салимзода О. ба сифати шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






