Баррасии масоили иҷтимоию иқтисодии низоми идораи меҳнат

Октябрь 25, 2013 14:24

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). —   Имрўз, 25 октябри соли 2013 бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо тадбирҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалии «Масоили иҷтимоию иқтисодии такмили низоми идораи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ шуруъ намуд. Ҳамоиш мушкилоти  рушди иҷтимоӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, танзими содироти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамчунин масъалаҳои бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва омода намудани мутаххасисони  ҷавобгӯ ба  талаботи рўзро ҳамаҷониба баррасӣ менамояд.
Муовини якуми вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов конфронсро ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба масъалаи мавриди назар андешаҳои хешро иброз намуд. 
Тавре ки аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ  хабар доданд, конфронси мазкур ду рўз идома ёфта, дар он ҷиҳати ҳалли масъалаҳои нисбатан ҷории муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои илмии асоснок таҳия мешаванд.

Октябрь 25, 2013 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд