Боздиди Оқил Оқилов аз маҳали хати барқии Қайроққум -Ашт

Октябрь 25, 2013 14:33

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Нимаи дуюми имрӯз Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд аз маҳали татбиқи лоиҳаи сохтмони такягоҳҳои асосии хати барқи баландшиддати 220 кв Қайроққум -Ашт дидан кард.Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 22 млн. доллари ИМА амалӣ мешавад.О. Оқилов барои оғози корҳои сохтмонии иншооти мазкур ба масьулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.Корхои сохтмонии ин иншооти муҳими энергетикӣ аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои Ҳиндустон анҷом дода мешаванд.

Октябрь 25, 2013 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш