Бунёди маркази барқу гармидиҳии «Шӯроб» дар Исфара
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ»Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 30 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Шартномаи консессионии Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» тасдиқ шуд.Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шартномаи консессионии мазкур муносибатҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD»-ро дар доираи татбиқи лоиҳае, ки дар доираи он азнавсозӣ ва истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «Ангишт», лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи тиҷоратии Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ба танзим медарорад. Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб» бо иқтидори истеҳсоли 300 мегават нерӯи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим бунёд карда мешавад.Татбиқи Лоиҳа барои ҷалби сармоягузории мустақим ба соҳаи энергетикаи кишвар ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини боэътимоди аҳолӣ ва хоҷагии халқи кишвар бо барқ, рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа ва ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.Дар назар аст, ки бо дарназардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нави ҶСШК «Ангишт» ва ба фаъолият шурӯъ намудани МБГ «Шӯроб» то 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.Мутобиқи шартномаи мазкур ба ширкати консессиядор танҳо ҳуқуқи идоркунии ҶСШК «Ангишт»-ро дар давоми мӯҳлати татбиқи лоиҳа ба даст оварда ӯҳдадор мегардад, ки аз ҳисоби маблағҳои худ иқтидору инфрасохтори истеҳсолии корхонаро барқарор ва азнавсозӣ намояд. Ин имкон фароҳам меорад, ки ҳаҷми истихроҷи ангишти кони Шӯроб то ҳаҷми барои истифодабарии МГБ зарурӣ расонида шавад. Ангишти аз ҷониби ҶСК «Ангишт» истихроҷшуда дар навбати аввал барои эҳтиёҷоти МБГ «Шӯроб» дар асоси шартномаҳои байни ҶСК «Ангишт» ва Ширкати лоиҳавӣ таҳвил мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






