Душанбегиҳо ба таҷлили Рӯзи фархунда омодагӣ мебинанд
Душанбе, 4 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад. Дар ин росто бо мақсади дар сатҳи баланди бадеиву ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳо ба ифтихори ин Рӯзи фархунда дар пойтахт, шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд, ки тибқи он нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ бобати омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатӣ тасдиқ гардид. Дар асоси он шоми 5 октябр соати 18:00 дар Боғи устод Рӯдакӣ чорабинии идона бо иштироки аҳли зиё ва ҳунармандони кишвар доир мегардад. Инчунин шоми 5 октябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо”, “Кӯли ҷавонон”, ба номи С. Айнӣ, Боғи пойтахт ва “Майдони 800-солагии Маскав” сайругашти идонаи шаҳрвандону меҳмонони пойтахт баргузор шуда, базми шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил мешавад. Ҳамзамон ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори ниҳодҳои марбутаи пойтахт нишасту ҳамоиш ва конфронсҳои имлию бадеӣ бо ҳузур аҳли зиёи кишвар, олимону муҳаққиқон ва забоншиносон баргузор гардиданд, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба поку беолоиш ва муқаддас нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб мешавад, матраҳ гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки аввалин маротиба дар Тоҷикистон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, аниқтараш 22 июли соли 1989 Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» бо ҷидду ҷаҳди бархе аз равшанфикрони миллати тоҷик аз сӯи вакилони Парлумони он вақт -Маҷлиси Олӣ қабул гардид. Баъдан дар соли 2009 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар тарҳи нав баррасӣ ва қабул карданд. Тибқи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил мегардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






