Эълони рӯзи умумиҷаҳонии дастшӯйӣ аз ҷониби СММ
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). — Сандуқи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид аз ин пас санаи 15-уми октябрро ба хотири ҳифзи саломатии кӯдакон рӯзи умумиҷаҳонии дастшӯйӣ эълон намудааст. Созмони миллали муттаҳид тасмим гирифтааст дар доираи баргузории рӯзи умумиҷаҳонии дастшӯйӣ муборизаи қатъиро баҳри риояи беҳдошт пеша кунад, ки дар он худи кӯдакон метавонанд бевосита ба ҳайси мубориз ширкат варзанд. Гуфта мешавад, барномаи мубориза ба хотири тозагӣ дар 60 кишвари рӯ ба рушди дунё, ки бештарашон дар қитъаи Осиёву Африқо ҷойгиранд, роҳандозӣ мешавад. Дар доираи барнома ба кӯдакон дар макотиби миёна доир ба муҳимияти риояи беҳдошт, бахусус, шустани даст семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Коршиносони Созмони миллал хамчунин зикр кардаанд, ки дар кишварҳои қитъаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, Бангладеш ва Афғонистон вазъи риояи беҳдошт дар ҳолати бад қарор дорад.
Тибқи маълумоти СММ ҳамарӯза дар ҷаҳон аз ношустани даст 5 ҳазор кӯдак мефавтад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






