Фаъолияти назарраси коргоҳҳои дўзандагӣ дар ноҳияи Рашт
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Бо сабаби дурдаст будани ҷойи зисти кормандони коргоҳи дӯзандагии «Фарангис», масъулини коргоҳ тасмим гирифтаанд, ки ба се ҷамоати деҳот таҷҳизоти худро тақсим намояд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, 10 адад дастгоҳи мазкур дар ҷамоати деҳоти Қалъанак, 10 адад дар ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх ва 9 адади дигар дар ҷамоати деҳоти Ҳоит ба истифода дода шуд.Ёдрас мешавем, ки коргоҳи дўзандагии «Фарангис» бо 29 адад дастгоҳи дўзандагӣ фаъолияташро дар ноҳияи Рашт аз моҳи июли соли равон ба роҳ мондааст.Ҳамчунин дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт корхонаи дўзандагии «Ёқут -2000» бо истифода аз 50 адад дастгоҳи дўзандагӣ дар бинои якошёна фаъолияташро ба роҳ мондааст. Дар коргоҳи мазкур занону духтарони маҳаллӣ дар баробари дўхтани маҳсулоти гуногуни дўзандагӣ, ҳамзамон ба дўхтани либоси мактабӣ машғуланд. Ҳаҷми истеҳсоли либосҳои мактабии корхонаи мазкур дар давоми як моҳ 850 ададро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки муассиси ҶДММ «Ёқут-2000» тасмим гирифтааст, ки корхонаи ноҳияи Раштро ба таври ройгон ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт супорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






