Филмҳои русӣ ва тамошои ройгон
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Аз 12 то 16-уми октябри соли 2013 дар Хонаи кинои Иттифоки синамогарони Точикистон, воқеъ дар хиёбони С.Айнӣ 131, кинотеатри «Зебуннисо» бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия Рӯзҳои синамои Русия баргузор мешаванд. Дар доираи ин чорабинӣ конфронси матбуотии мехмонон, «мастер класс»-ҳои коргардонҳо ва таҳиягарони рус, мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамои ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистону Русия» ба нақша гирифта шудааст.Барнома фарогири филмҳои «Иван- сын амира», коргардон М.Панфилов; «Она», коргардон Лариса Садилова; «Пустой дом», коргардон Нурбек Эген; «День учителя», коргардон Сергей Мокритсский; «Стыд», коргардон Юсуф Розиқов; «Стальная бабочка», коргардон Ренат Давлатёров; «Майор», коргардон Юрий Быков; «Дочь», коргардонҳо А.Касаткин ва Н.Назарова; «Географ глобус пропил», коргардон Александр Велединский хоҳад буд.Тамошои филмҳо ройгон аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






