Хизмат шараф аст
Ҳамадонӣ, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комисариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ихтиёран 30 нафар ҷавонписар ҳозир гардид. Дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбии ноҳия маҷлиси ботантана доир гардид, ки дар он намояндагони ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбӣ, афсарону сарбозон аз қисми ҳарбии ноҳия ва падару модарон иштирок намуданд. Муовини раиси ноҳия ва комиссари ҳарбии ноҳия гуфт, ки сол ба сол афзоиш ёфтани сафи ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мегарданд, аз беҳтар шудани шароит дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани корхои фахмондадиҳӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дарак медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






