Ифтитоҳи ҳабдаҳум коргоҳи коркарди меваи хушк ва ду коргоҳи дӯзандагӣ дар Исфара
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази истеҳсолӣ ва хизматрасонии Қадр ифтитоҳ ёфт.
Чунонки аён гардид, бинои ин марказ аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он коргоҳи хурди коркард ва бастубанди меваи хушк ҷойгир шудааст. Дар ин коргоҳ, дар як шабонарӯз беш аз 3 тонна меваи хушк коркард ва бастабандӣ мешавад, 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Соҳибкори маҳаллӣ Абдурофеъ Қосимов, ки ин маркази истеҳсолию хизматрасониро бунёд намудааст, аллакай барои содироти меваи хушк бо давлатҳои Беларус, Полша ва ҷумҳуриҳои назди Балтика созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки имсол то охири сол дар Исфара 10 то чунин корхонаи нав мавриди истифода қарор мегирад ва шумораи умумии онҳо ба 22 мерасад. Тавре иттилоъ доданд, иқтидори миёнаи солонаи ҳар яки онҳо 1,5 ҳазор тонна буда, ба ҳисоби миёна 50 нафарӣ дар онҳо кор мекунанд.
Дар ду ошёнаи дигари маркази истеҳсолию хизматрасонии Қадр ду коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир шудааст, ки дар ҳар яке 25 нафарӣ занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо маслиҳати Сарвари давлат соҳибкор Абдурофеъ Қосимов изҳор дошт, ки дар ин ду толор боз 20 ҷойи нави корӣ муҳайё сохта, пеш аз ҳама дӯхти либоси мактабиро барои хонандагони мактабҳои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба роҳ мемонад.
Дар ин коркоҳҳо, мутобиқи талаботи мардум, ҳамчунин дӯхти дигар либосворӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






