Ифтитоҳи беморхона ва дармонгоҳи қисми мустақили раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхона ва дармонгоҳи қисми мустақили раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт.Тавре зикр гардид, беморхонаи мақомоти маҳаллии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Клоб дорои 25 кати хоб ва шароити хуби муоина, ташхис ва табобати беморон аст. Дармонгоҳи он барои қабули 150 нафар ниёзмандон дар як басти корӣ пешбинӣ шудааст. Ҳарду қисмати ин муассисаи муосири тиббӣ бо харқи 3,4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин биноҳо 32 нафар кормандони соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.Дар ин бино аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумораи зиёди собиқадорони ин соҳа кумаки яквақтаи моддӣ ва роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои машҳури кишвар тақдим карда шуд, ки туҳфаи арзанда дар арафаи солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






