Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 29 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи мақомоти маҳаллии 5 бахши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.Ин бино бо супориши бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, ба фаъолияти якҷоя ва босамари ҳамаи бахшҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронда шудааст. Кунун имкон фароҳам омадааст, ки ҳамаи ин хадамоти хизматрасонии давлатӣ ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақагирону маъюбон дар як ҷо бо механзими равзанаи ягона фаъолият кунанд. Чунин тарзи кор ҳам ба ходимони ин идораҳо ва ҳам ба ниёзмандон басо қулай аст.Ин бино аз 80 утоқи корӣ иборат буда, дар он барои беш аз 100 нафар шароити корӣ муҳайё гардидааст.Дар ин бино ҳамчунин филиали маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии таълими калонсолон ҷойгир шудааст, ки дар як вақт то 100 нафар бо ҳунаромӯзӣ ва бозомӯзӣ фаро мегирад.Дар ин марказ 29 намуди касбу ҳунар ба хоҳишмандон омӯзонда мешавад. Қисмати зиёди он ҳунарҳои коргарии соҳаи сохтмон мебошад. Ҳамчунин гурӯҳҳои дӯзандагӣ, компютер, забономӯзӣ, рӯзгордорӣ, пешхизматҳои меҳмонхонаю тарабхона, ошпазӣ ва таъмиргарони мошинҳои сабукрав мавҷуд аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






