Ифтитоҳи бинои нави Маркази бемориҳои сил дар Бадахшон
Душанбе, 10 октябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази маъмурии он – шаҳри Хоруғ идома ёфт. Нахуст дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бинои нави Маркази бемориҳои сили вилоят дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.
Тавре зикр гардид, бинои пешинаи ин марказ хеле фарсуда шуда, шароити корию маишияш ба талабот ҷавобгӯй набуд. Бинои нав бо харҷи 10 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва гранти Хазинаи глобалӣ бунёд ёфта, дорои таҷҳизоти навтарини муоина, ташхис ва табобати беморони сил ва ҳамчунин шароити муосири маишӣ мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти муосири гаронарзиш, аз ҷумла ренгени рақамӣ, ки арзишаш 450 ҳазор доллари амрикоӣ аст, дастгоҳи маҷмӯаи дандонпизишкӣ, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии кори дил, дастгоҳи нафдиҳии сунъӣ ва ғайра насб гардидаанд.
Марказ дорои 4 шуъба – шуъбаҳои беморони сили мутобиқшуда, кӯдакона, озмоишгоҳ ва дармонгоҳи озмоишӣ мебошад.
Дар маркази вилоятии бемориҳои сил, ҳамчунин дастгоҳҳои тибби фосилавӣ васл гардидааст, ки тавассути он табибон бо ҳамкасбони худ аз шаҳри Душанбе, дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷи кишвар ба таври мустақим дар тамос шуда, машварат мекунанд.
Дар ин бино, ки барои 45 кати хоб пешбинӣ шудааст, то 48 нафар табибон ва дигар кормандон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Тавре иттилоъ доданд, дар бинои кӯҳнаи марказ пас аз тармиму навсозиаш диспансери вилоятии бемориҳои сил ҷойгир карда мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






